
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ”-и ноҳия (КАТС) оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мирзозода Исуф иброз дошт, ки Сарвари давлат дар Паёми имсола оид ба баъзеи камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мегардад, паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон бо беморон изҳори андеша карда, қайд намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа бояд бартараф карда шавад. Зеро, табибон дар солим нигоҳ доштани ҷомеъа нақши хело муҳиму созгор доранд аз ин хотир ҳар яккорманди соҳаро зарур аст, дар вазифаҳои интихобнамудаи хеш содиқона ба давлату миллат хизмат кунанд.
Инчунин, дар охир моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҷамъомадагон фаҳмонида шуд.