БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УСТУВОР ГАРДОНИДАНИ ПОЯҲОИ МОДДИВУ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВАЗИФАИ ҶОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ МЕБОШАД!

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №2-и ноҳия бо аҳли маорифчиён ҷаласаи ҳизбӣ доир карда шуд.

Файзизода Каримҷон зимни суханронӣ қайд намуд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Аз ин рў, лозим аст, ки ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома дода, мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф намоем.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» Боймуротзода М. аз ҳайати омўзгорон даъват ба амал овард, ки дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сифати  таълиму тарбияи дурусти фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ мусоидати фаъол намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg