Ҷ.БАЛХӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҳамадонӣ»-и Ҷамоати деҳоти Каленин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Алиев Зафар иштирок дошта, нахуст, зикр намуд, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамояд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар робита ба иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии соҳибкори маҳаллаи мазкур ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳамадонӣ” дар ин рӯз ба раванди корҳои сохтмонии мағозаи масолеҳи сохтмонӣ дастаҷамъона кӯмак расонида шуд.