БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДЕШАИ СОЛИМ ҶОМЕАИ СОЛИМ МЕСОЗАД!

АНДЕША. Дар шароити муосир  бо вуҷуди қудратталабии давлатҳои абарқудрат ва сиёсати духураи онҳо дар муносибат бо давлатҳои  дар ҳоли рушд метавонад дар як вақт сабабгори мавҷи нооромиҳо дар ҷомеа бошад. Зеро мафкурасозӣ дар заминаи эътиқоди динии мардум ва таблиғи онҳо дар пояи манфиатҳои гуруҳӣ ҳамчун маҳсули фаъолияти босамари давлатҳои абарқудрат арзёбӣ гардида, яке аз роҳҳои афзалиятноки расидан ба мақсадҳои  сиёсӣ мебошад.

Ҷомеашиносон  ба хулосае омадаанд, ки ҷанги равониву таблиғотӣ назар ба истифодаи ҳазорҳо танку туп ва тайёраю мушакҳои дурпарвоз вобаста аз дастраси ба технологияи муосир афзалияти бештар дошта, давлатҳо ва миллатҳоое, ки дар ин бозиҳои сиёсӣ иродаи мустаҳками мубориза ва сиёсати иҷтимоии пешрафта надоранд, ба зуди аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешаванд.

Яке аз роҳҳои афзалтари истифодаи мардум дар иваз намудани сиёсати давлатҳо ин кор гирифтан аз арзишҳои динӣ ва эътиқоди исломии аҳолӣ мебошад, ки дар таҷрибаи солҳои охир дар давлатҳои Ховари Миёна исботи худро ёфта, ин давлатҳоро ба хок яксон кардааст.

Гурӯҳҳои манфиатдор бо истифода аз  хадамоти махсус ва афроди тарбиятдида бо таблиғи ақидаҳои манфиатбор  ба фоидаи давлати сеюм  аз номи ислом ва бо истифода аз оёти Қуръони Карим бо такия ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус ҷавонон даст ба  тазоҳурот ва нооромӣ  зада, бобати суст кардани сохтори конститутсионӣ ва аз байн бурдани дилхоҳ давлат иқдом мегиранд. Ин таҷрибаи талх аллакай исботи худро дар муҳлати муайяни  таърих борҳо ёфта, боиси аз байн рафтани забон, фарҳанг, миллат ва давлатҳо  гаштааст.Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол баъди пош хӯрдани собиқ давлати Шӯравӣ  дар баробари дигар давлатҳои узви иттифоқ дар асоси иродаи сиёсии мардум рӯ ба давлатдории навин овард. Новобаста аз он ки соҳибистиқлолӣ барои давлати мо осон  рӯи даст омад, вале ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои муқтадиру пешрафта шудани кишвари мо муддати муайян таъсири манфӣ гузошт. Бадхоҳони  давлат ва миллати  мо барои суст гардонидани иродаи истиқлолхоҳӣ ва нест кардани ҳуввияти миллии шаҳрвандон бо истифода аз зархаридону фурӯхташудагони миллат кишварро ба майдони ҷангу тохтутозҳо мубаддал сохтанд.

Ҳарчанд ақлу заковати миллӣ боло гирифту мардуми мо зери ливои сулҳу ваҳдат ба ҳам омаданд, вале ҷанги бародаркуши дохилӣ дар таърихи миллати  тоҷик ҳамчун як доғи сиёҳу шустанашаванда  сабт шуд.

То имрӯз хиёнаткорону бадбинони миллат барои нест кардани арзишҳои милливу фарҳангӣ ба воситаи мафкурасозию дингароии сиёсӣ дар фикри аз байн бурдани  давлатдории миллии мо мебошанд. Тасаввур кунед, ки замоне дар доираи таблиғи ифротгароии  исломӣ гурӯҳҳои манфиатдор  номҳои зебои тоҷикиро куфру бидъат эълон сохтанд. Диданд, ки ба ин восита мақсадашон амалӣ нагашт бо истифода аз эътиқоди динии мардум ба таблиғи сатру ҳиҷоби ба фарҳанги мо бегона даст заданд. Қариб буд, ки либоси миллии турку арабро як ҷузъи фарҳанги мо муаррифӣ  месохтанд.

Дар пояи тақлиду зиёдаравӣ гурӯҳҳои сиёҳкори дохилӣ барои нест кардани арзишҳои миллию фарҳангӣ тамоми корҳои аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ фармудашударо иҷро мекарданд. Ҳатто кор то ҷое рафта расид, ки тартиби намоз хондан дар масҷидҳо қариб, ки аз якдигар фарқ мекард. Аниқтараш, ба таблиғи равияву ҷараёнҳои ифротӣ миёни қишрҳои гуногуни  ҷомеа аз ҷониби ба ном диндорон амалҳои гуногун роҳандозию аҳли тақво бо ривоятҳои бофтаю сохта  таблиғ мешуданд. Хиёнаткорон чун диданд, ки қишри муайяни ҷомеа вориди бозиҳои сиёсии онҳо шуда, табдили ному  ивази либос кард, вобаста ба эътиқоди динӣ мақсадҳои нопоки худро  ҷомаи ислом пӯшонида, ба таблиғи исломи ифротӣ  даст задан гирифтанд.

Қариб буд, ки таҷрибаи талхи солҳои навадумро бори дигар дар кишвар роҳандозӣ  мекарданд.

Мусаллам аст, ки андешаи солим ҷомаи солим месозад. Ақлу заковати азалии халқи тоҷик боло гирифт ва барои ҳифозати давлату миллат бозиҳои пасипардагии хоинону фурӯхташудагонро ба зуди эҳсос кард. Имруз кишвари моро ҳамчун узви созмонҳои бонуфӯзи ҷомеаи  ҷаҳонӣ мешиносанд. Афзалтар аз ҳама тоҷикон соҳиби давлат ва забони тоҷикӣ ҳамчун забони таърихи қадимадошта дар тамоми олам шинохта мешавад. Барои ҳар як миллат забон, фарҳанг ва давлат вожаҳои хеле муқаддас ва ифтихорманд аст. Хуш ба ҳоламон, ки имрӯз давлат дорем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ  моро мешиносад.

Ба қадри арзишҳои миллӣ расидану  ҳифз кардани онҳо аз ҳар гуна хатарҳои муосир барои ҳар як шахси соҳибақлу ватандӯст ҳам қарз асту ҳам фарз.

Бинобар ин месазад, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри ин хоку замин, ки номаш Тоҷикистон аст расида бошем ва дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарғиби фарҳанги волои миллат пайваста талош варзем.

Толибҷон Назарзода,  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ     дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg