БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТРО МИЛЛАТУ МАЗҲАБЕ НЕСТ!!!

ВОКУНИШ. Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз асрҳои гузашта фарқ мекунад, гарчанде падидаҳои ҷойдошта (терроризми диннӣ ва кибернетикӣ) зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав дар шакли нав зуҳур намудааст, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард ва терроризм падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаеро ба худ касб намудааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо  сусту заиф, балки рӯз  аз  рӯз шадидтару бо истифодаи роҳҳои гуногун ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад.

Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаҳои   олам  ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбониён ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели гуфтаҳоянд. Дар  раванди  ҷаҳонишавӣ он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат  буданд ва қариб ба давлатҳои дигар иртиботе надоштанд,  хосияти   умумидавлатӣ  пайдо  мекунад ё  бо ибораи  дигар,  он   масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як мамлакати сайёра, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кули аъзоро  мутаваҷҷеҳи худ месозад. Бояд қайд кард, ки ҳар як амали  манфур аз майнаи сар бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин  навъи майнаи инсонист.

Имрӯзҳо ҳолати фаъолияти терроризм тавре шакл   гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали  террористӣ  содир  кунад. Бинобар ин, дар назди мамлакатҳои сайёра вазифаи меҳварӣ бо  роҳҳои самарноку таҳқиқшуда,   ҳар чӣ зудтар маҳв ё паст намудани сатҳи фаъолияти он меистад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо пайваста бо ташаббусҳои созанда ва ташкили чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар масоили мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ дар миёни кишваҳои сайёра мавқеи махсусро касб намудааст.

Тӯли чанд даҳсолаи охир масъалаи омӯзиши бештари    муҳақиқон маҳз терроризм ва ҷабҳаҳои мухталифи он мебошад.  Онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки масъалаҳои муҳими глобалиро, ки  аслан   таҳдид  ба ҳастии инсоният, куштор, бетартибӣ, бенизомӣ,  маҳви  истиқлолияти давлатӣ, хатар  ба амнияти сайраро ҳал намояд. Ҳамаи  давлатҳо  ва  созмонҳои  минтақавию байналхалқӣ низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдори ҳалли мусбати масъалаҳои вобата ба ифротгароӣ ва терроризм ҳастанд.

Терроризм  чун раванди умумисайёравӣ  омӯзиши  хосаро  талаб дорад ва оиди он як қатор асарҳо аз тарафи  олимон  таълиф гардидаанд. Аксари  муҳаққиқони замони   муосир  дар таҳқиқотҳояшон ба масъалаи терроризм дахл мекунанд. Омӯзиши масъалаи мазкур ҳам  дар таҳқиқотҳои   муҳақиқони  ватанӣ ва хориҷӣ ба назар мерасад. Гуфтан мумкин аст, ки  паҳлуҳои мухталифи марбут ба терроризм тавассути назарпардозон ошкор шудаанд.  Ин имкон медиҳад, то шаҳрвандон аз ғаразҳои нопоку ғайриинсонии ифротгароёну террористон огоҳӣ пайдо намоянд.     

Мо шаҳрвандон амалҳои ифротгароён ва террористонро сахт маҳкум намуда, пайваста аз сиёсати давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон дар заминаи ормонҳои миллӣ ва умумибашарӣ тамоми нерӯи худро сафарбар менамоем.

ШАРИПОВА Гулҷаҳон,  корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg