
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Имоми Аъзам»-и ҷамоати деҳоти Фахробод вохӯрӣ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ҳамоиш иштирок дошта, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пойдории сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳар як сокини худогоҳу ватандӯст даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, ки имрӯз мо шаҳрвандон дар кишвари ободу ором кору фаъолият дорем бояд расем бо садоқати беандоза ба халқу Ватани хеш хизмат намоем ва бо дастовардҳои назаррас 30-солагии Истиқлолияти давлтиро пешвоз гирем.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»
бо тариқи ҳашар ва дастгирии шахсони саховатманд беморхонаи маҳалла аз таъмири хушсифат бароварда шуд.