
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Яхшори Ҷамоати деҳоти Лангардара хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Асақолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба таҳдиду хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушду касбу ҳунарҳои мардумӣ,саҳм гузоштан дар корҳои хайру сахо ва ободониву созандагӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва шиддати бекорӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ибрози ақида намуда, ҳамагонро баҳри ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти ҷойдошта даъват намуд.
Инчунин, дар ин раванд дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамоиш бо суолу ҷавобҳои мушаххас анҷом ёфт.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон ба кор корҳои ободониву созандагӣ дар маҳали зисташон машғул гардиданд.