
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Якатут» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, имомхатибон ва раисони кумитаҳои маҳалла хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҳизбӣ, иҷрои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Ҳамрози халқ» ва «Минбари халқ» баргузор гардида, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ қаламрави ҷамоати деҳоти Яккатут тавсияҳо дода шуд, ки барои сари вақт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.