Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БОЙГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти хизб  ва нуқтаҳои Паёми пешвои миллат бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки пешравии ҷомеа пеш аз ҳама аз соҳибмаълумот ва соҳибкасб будани кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ вобастагии калон дорад.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки ҷиҳати дурӯст ба роҳ мондани хизматрасонии тибби ба аҳолӣ Перезиденти кишвар Пешвои миллат дар паёмашон иброз  доштанд, ки   “Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад”.

Дар доираи қисмати амалии Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Якчоя ҳал мекунем!» ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»  ба ду оилаи фарзандонии маъюбдошта ба маблаги 600 сомони кумаки яквактаинаи модди расонид.

Дар рафти ин чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Тағоймурод Ҳасанзода ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғафорзода, ки дар асоси амри раиси Вилоят бо гуруҳи кори ба ноҳия ташриф оварда буд, иштирок доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg