БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РАҲНАМОИИ СОКИНОН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГИСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати  амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.  

Дар маҷлис масъулин  вобаста ба дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки дар он  тамоми   масъалаҳои ҳаётан муҳимфаро гирифта шудааст,  андешаронӣ    карда, ҳамагонро дар доираи Аксияи ҳизбӣ  ба корҳои хайру сахо ва ободониву созандагӣ ба ҷои маъракаҳои  азодориву тӯйю маросимҳо раҳнамоӣ намуданд.    

Ҳидоятҳои некбинона аз ҷониби  ҷамъомадагон  бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибдории хешроаз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Баъд аз баргузории хониши сиёсӣ дар Аксияи ҳизбӣ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg