БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-РОҲНАМОИ МАРДУМ ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

ҲАМАДОНӢ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Даҳана” хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баромад Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ,  инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад.

Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон ба таъмири як синфхонаи муассисаи таълимии № 30-и деҳа машғул гардиданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg