БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” СОКИНОНРО БА МАСЪУЛИЯТНОКӢ ВОДОР НАМУД!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Сангрезгӣ” оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд, ки дар он аъзои ташкилот фаъолона иштирок намуда, вобаста ба  самтҳои муайянгардида дониши кофӣ ба даст оварданд.

Сайҷалол Сатторов бо мисолҳои ҳаётӣ ҳозиринро аз хавфу хатари ба ҷомеа ва ҳар як оила доштаи терроризму экстремизм, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҳамроҳ шудани ҷавонон, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир,  нашъмандию нашъаҷаллобӣ, тақлиди кӯркӯрона ба урфу одат ва фарҳанги бегона, бемориҳои хавфноки сироятӣ , аз ҷумла ВНМО ва дигар  масъалаҳои таваҷҷуҳи назари ҳозирин огоҳ намуда, онҳоро дар мубориза ба муқобили ҳама намуди  падидаҳои номатлуби замон  ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба муассисаи таълимии деҳаи мазкур  як қатор масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg