ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №9” баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вохӯриро оғоз намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суханронӣ намуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳҳои кӯчаи маҳаллаи ба масофаи 200 метр таъмир карда шуд.