БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ САҲМИ БЕАНДОЗА ДОРАНД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ғофилободи”-и деҳаи Ғофилободи  Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак   қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид. 

Аксияи ҳизбӣ  аз ҷониби аъзои ташкилоти номбурда  дастгирӣ ёфта, барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳа як миқдор масолеҳи  сохтмонӣ  кӯмак расонида шуд.

Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Инчунин, дар ин раванд бо сокинон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор карда шуда, масъулини Кумитаи иҷроия дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.

Дар охир ҷамъомадагон аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg