
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати иҷрои Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ниҳолпарварӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия, ҳамоиши ҳизбӣ баргузор намуданд.
Масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, пешрафту шукуфоии Ватан, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.
Ҳамзамон, Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии ҷавонон баргузор карда шуда, деворҳои бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 рангубор карда шуданд.