БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁНИ ЛЕВАКАНТ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи шаҳри ҲХДТ, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳаи дуюми соли равон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2019, вазифаҳои навбатии аъзо ва ташкилотҳои  ибтидоӣ дар нимсолаи дуюми соли 2019 андешаронӣ намуд.

Мавсуф  қайд намуд, ки дар ин муддат тибқи нақша-чорабиниҳо дар манотиқи деҳоти шаҳр бо ташаббуси масъулони ҳизбӣ бо роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои бунёдкорӣ, дар маҳал роҳандозӣ гардиданд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ 4 масъала- ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ дар шашмоҳаи дуюми соли 2019, дар бораи тасдиқи нақшаи «Обуна -2020» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ»,  тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ ва тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пешниҳод гардида, баррасӣ карда шуданд.      

Дар рафти баррасии масъалаҳои ҷаласаи ҳизбӣ ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Левакант баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати пешрафти кори минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg