БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТИ ТУ АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Автодром” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Муқовимати ту аҳамияти калон дорад!” баргузор гардид.

Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур Табаров Зафар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамидиён Орзу дар баромади хеш қайд кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.

Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки муқовимати мо бар зидди ин амали нангини ҷомеа аҳамияти калон дошта, монеаи ҷиддие хоҳад гардид ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ.

Дар Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, дар ташкилоти ибтидоӣ  корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg