ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сокинон ва ободонии маҳал, тозаву озода намудани кӯчаву гузаргоҳҳо, ҷӯйбору заҳбурҳо ва сохтмони ҳар гуна иншоотҳои маишӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суҳбату вохӯриҳо мунтазам ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дар пайи чунин вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Авесто”-и деҳаи Авестои Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён атрофи самтҳо ҳамоиш доир гардида, дар он масъалаҳои барои аҳолӣ ҳаётан муҳим аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шарифзода Маҳмадаюб баррасӣ карда шуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ аъои фаъоли ҲХДТ, шахсони хайрхоҳу ватандӯст аз ҳисоби маблағҳои шахсиашон муассисаи таълимии №34 –и деҳаро таъмири кампиталӣ карда, дар рӯзҳои наздик ин боргоҳи илму ирфон дари худро ба рӯи донишомӯзон боз хоҳад кард. Иқдоми ватанпарастона аз ҷониби мардуми шарафманди ноҳияи Қубодиён хуб дастгирӣ ёфта, дар ин самт корҳои бунёдкорона ҷараён дорад.