БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТРАСОНИИ САТҲИ БАЛАНДИ КАСБӢ - ОМИЛИ АСОСИИ ЭЪТИМОДУ БОВАРИИ МУШТАРИЁН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ташаббусҳои созандаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои барномаҳои ҳизбӣ, татбиқи онҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки Каримов Пирмуҳммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Мавсуф дар суҳбат  атрофи мавзӯъҳои  муҳими рӯз пешгирӣ ва решакан намудани амалҳои хусусияти коррупсионидошта, тафаккури ифротгароии динӣ ва хатари он барои идеологияи миллӣ, ошкор кардани ҷиноятҳои нобахшидании наҳзатиён бар зидди давлату миллат, риояи талаботи қонунҳои миллӣ  сифати баланди хизматрасониҳо ва муносибати босалоҳияту касбӣ бо мизоҷон, саҳмгузори дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  ибрози ақида карда, ҷамъомадагонро  барои содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан ва  истиқболи сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg