БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»-и ноҳия дар мавзӯъи «Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» хониши сиёсӣ баргузор намуд.

Вохӯриро  намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оғоз намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуданд, ки ҳифзи сиҳатии мардум ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ пеш аз ҳама ба фаъоляти пурсамару содиқонаи кормандони соҳаи тиб вобастагии амиқ дорад.

Дар охир байни кормандони масъули ҳизбӣ ваҷамъхомадагон суолу муколамаҳо сурат гирифта, бо ҷавобҳои мушаххас  ба ҳамоиш  хотима бахшида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg