Ҷ.БАЛХӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №1”-и Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷ.Балхӣ хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Мақсади асосии ин вохӯрӣ амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз тарафи кормандони масъули беморхона масолеҳи сохтмон барои таъмири бинои нави «Беморхонаи №1» кӯмак расонида шуд.