БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНАШ АЗ ОН НОПОКЗОДАГОНАНД, КИ ҲЕҶ СОБУНЕ ДОҒИ ХИЁНАТАШОНРО АЗ РӮЯШОН НАМЕШӮЯД!

ВОКУНИШ. Дар замони нав, замони ҷаҳонишавӣ ва зуҳури терроризм ва ифротгароӣ, пахшу нобуд намудани фарҳангҳои томи қадимаи мардуми олам аз ҷониби қувваҳо ва ашхоси дур аз андешаи фарҳангӣ миллӣ ва башардӯстӣ қарор дошта, ки ба мағзшӯии ҷавонон машғул гашта, ин қувваҳои ифротии дур аз фарҳангу аслан душмани фарҳанги ҷаҳонӣ (ба ёд биёред таркондани ёдгориҳои миллии башарият бо номҳои Сурх – Бут ва Хинг – Бут дар Бомиёни Афғонистон аз ҷониби толибон ва ё аз байн бурдани ёдгории қадимаи Оташкадаи Намруд ва ёдгориҳои қадимаи Палермо ва садҳо ёдгориҳои замони атиқа аз ҷониби терористону ифротиёни ДИИШ дар хоки Ироқу Сурия) ба корҳои фарҳангситезӣ, террористӣ ва даҳшатафканӣ машғуланд.

Воқеан, имрӯз терроризм ва экстремиз барои инсоният хатари ҷидди дорад. Дар Тоҷикистон низ гурӯҳҳои террористие аст, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат манъ карда шудааст, барои тараққиёти он монеаро эҷод кардан мехоҳанд. Имрӯз якчанд хоину ватанфурӯш, ки аз ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар гурехта, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон таҳти пӯшишҳои сиёсиву мухолифи давлат буданҳо пинҳон намудаанд ва дар тамоми ҷаҳон фаъолияти тахрибкоронаашонро “ҳимояи арзишҳои демукросӣ” муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар охир чун мебинанд, ки макру фиребашон асар намекунад ва дар ин роҳи бадкорӣ ноком мешаванд, боз анҷуманҳову паймонҳои дуруғинро, ки мақсад як асту ном дигар таъсис медиҳанд. Он нафароне, ки бо сад ҳиллаю найранг гурӯҳҳои ифротиро бо ҳаргуна номҳо ташкил мекунанд, дар сафи аъзо ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ буда, бо амалҳои хоинонаашон мехоҳанд дар Тоҷикистони биҳиштосои мо низоъ ва хархаша ба миён биёд ва мардум боз ба хун оғушта шавад. Он ҳиллаву шайтанат ва бухлу ҳасаде, ки дар ниҳоди ин тоифа мавҷуд аст, барои талаботҳои хоҷагони худро қонеъ гардонидан, ҳатто миллати худро сарҷамъ дидан намехоҳанд. Тамоми роҳу воситаҳоро истифода бурда, кушиш менамоянд, ки нафароре дар сафи худ шомил созанду ӯро барои иҷрои амалҳои нопоки худ равона намоянд.

Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Он нафарони бетаҷрибаеро, ки ин гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безор шудаанд.

Ин тангназарон ҳеҷ корҳои ободонӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Ҷасорати мардӣ надоранд, то иқрор шаванд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба маротиб ободу зебо гардидааст, садҳо километр роҳҳоро бунёду азнавсозӣ шудаанд, дар ҳар як маҳалла майдончаҳои варзишӣ сохта шуда истодааст, вайронаҳоро ба гулистон табдил дода шуд. Не, наҳзатиҳо ба сони чуғзон аз ҳарфи ободиву созандагӣ мисли он, ки шайтон аз “бисмиллоҳ” мегурезад, мегурезанд! Инҳо нопокзодаанд ва ҳеҷ собуне, бо шумули анҷуману паймонҳои аблаҳонаашон ин доғи хиёнаташонро аз рӯяшон намешӯяд! Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азизи мо!

 

Қурбонова Наргис, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg