БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Боғи фарҳанги” - и шаҳри Бохтар ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷамъомад доир гардида, масъули ҳизбӣ зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки боғи фарҳангӣ ҷой барои гашту гузор ва истироҳат аст дар ин намуд ҷойҳо ба ҳаргуна инсонҳо ва ҳар маданият рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.
Инчунин, дар ин раванд самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагон ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ гардиданд.
Дар охир ба 6 нафар, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.