
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин зимни он қайд намуд, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз намудаанд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.
Дар охир таъкид шуд, ки акнун моро мебояд, ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.