БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ МО ҲАМЧУН НЕРӮИ БУЗУРГИ БУНЁДГАРУ СОЗАНДАИ МАМЛАКАТ ЭЪТИРОФ ШУДААНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бахши ҷавонон» бо кормандони мактаби варзишии шаҳр ва наврасони варзишгар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз омилҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Бинобар ин масъалаҳои марбут ба ҳаёти наврасону ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад ва Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат номидаанд.

Инчунин, гуфта шуд, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли гармо ҳодисаҳои ғарқ шудани одамон ба гӯш мерасад аз ин рӯ кӯдакон ва наврасон бояд танҳо бо ҳамроҳии калонсолон ба шиноварӣ машғул шаванд.

Дар охир чанде аз ҷамъомадагон дар бораи масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро иброз дошта, миннатдории хешро барои ташкили вохӯрӣ баён доштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg