ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд, ҷамъомадагон бо муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шинос карда шуданд.
Масъулин доир ба падидаҳои номатлуби замон – терроризму экстремизм, аз гумроҳӣ гаравидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъмандию нашъҷаллобӣ, коррупсия андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб на танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки вазифаи ҳар шаҳрванди бонангу номус мебошад.
Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуда, ба муассисаи таҳсилоти асосии № 26 масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.