БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Бо ташаббуси   масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ  бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

         Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, обу экология дида баромада шуд. Масъулин оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хоҳад шуд.

Дар охир, ҷиҳати роҳандозии Аксияи тарғиботи амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” дар таъмиру тармим намудани роҳҳои  автомобилгарди  дохили шаҳраки Панҷ ҳиссагузор шуда,  200 метри онро асфалтпўш намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg