МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои дахлдори Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии кӯчаи ба номи «А.Давлатов»-и ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод мулоқот баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова дар хусуси моҳияти Паём андешаҳояшро баён намуда, қайд кард, ки барои беҳтар гардидани фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳои ҳар як шаҳрванд ҳамасола Паём аз ҷониби Роҳбари давлат ироа мегардад ва барои татбиқи босамари нуктаҳои муҳими он мо шаҳрвандони ин сарзамин вазифадор мебошем.
Баъдан дар навбати худ иштирокчиён зикр карданд, ки Паёми навбатӣ, ки дар он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаро гирифта шудааст, ҳамчун қутбномае дар роҳи созандагӣ истифода хоҳанд бурд.
Инчунин, дар ин раванд дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ гардида, бо суолу дархостҳо вохӯрӣ анҷом ёфт.