БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРКИ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДӢ ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи тарғиби ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи нав” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”  вохӯрӣ доир карда шуд.

Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар суҳбатҳои пурмуҳтавои худ ҷиҳати ҷовононро дар руҳияи худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ тарбия намудан ва дар замири онҳо ҳисси баланди масъулиятнокиро дар самти ҳимояи марзу буми Ватанро тавсия дод. Номбурда иброз дошт, ки дар ҳолати дарки масъулияти баланд аз ҷониби шаҳрвандон метавон ҷомеаи шаҳрвандии комил бунёд намуд.

Дар охир мавсуф  иштирокчиёни вохӯриро барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки ҳадафи аслиаш пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии пурнишот барои сокинон аст,   даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg