БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЙ ОВАРДАН БА МАКТАБ БЕҲТАРИН ИҚДОМ АСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади тадбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 барои таъмири ҷории ин муассиса кӯмаки моддӣ расонидад.

Кӯмаки навбатӣ бо ташаббуси узви фаъоли ҲХДТ, собиқ сардори  Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Саъдулло Бекназаров, Алибек Бекназаров ва Абдураҳим Раҳимов буд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ ба муассисаи таълимие, ки хатм намудаанд, ба миқдори 500 адад сементблок, 10 халта родбанд ва як тонна семент кӯмак намуданд.

Инчунин, дар қисмати вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар самти рӯ овардани мардум ба мактаб, иштироки падару модарон дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, риояи фарҳанги миллӣ андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg