БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ БО МАҚСАДИ БОЛО БУРДАНИ САТҲИ ОГАҲИИ СОКИНОН

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи босамари Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фахробод» вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, масулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он ба хотири  расидан ба  истиқлолияти пурраи энергетикӣ,  рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, рӯ овардани сокинон ба  хоҷагидорию кишоварзӣ барои расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

Сипас,  сокинон иқдомҳои наҷиби ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ намуда, дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҳашари умумӣ тозагию ободонӣ баромаданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg