БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ ВА МУОШИРАТИ ТАБИБОН БЕҲТАР ГАРДИДААСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи  марказӣ”-и  ноҳияи Носири Хусрав  баргузор  гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни суҳбат иброз доштанд, ки дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода шудааст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тадбиқи бандҳои барномаи ҲХДТ инфрасохтори муассисаҳои  тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли мунтазам тавсеа ва  таҳким  бахшида истодааст. Дар ин самт Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз дошта буданд, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар  зиёда аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар  иншооти  тандурустӣ  бунёд  карда  мешаванд.

Дар рафти маҷлис байни масъулин ва иштирокдорон саволу ҷавоб ба миён омада масъулини ҳизбӣ ба саволу дархостҳои иштирокдорон ҷавобҳои  саҳеҳу  аниқ  гардониданд.

 

    

 

 

 

 

 

 

 

Ба  КИ  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон

татбиқи  амалӣ  Аксияи тарғиботии ҳизбӣ « Якҷоя  ҳал  мекунем!» дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии   беморхонаи  марказии ноҳияи Носири  Хусрав.

 

Аз  рафти  иҷрои  корҳои  амалишуда  аксҳо  бардошта  шуд.

 

Раиси  КИ  ҲХДТ  дар

ноҳияи Носири  Хусрав                                           С.   Ализода                     

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg