БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Насими Вахш» ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ қонунҳои миллӣ андешаронӣ карда, афзуданд, ки риояи талаботи қонунҳо ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа мебошад ва зиндагии босаодатро ба сокинон таъмин менамояд.

Инчунин, дар баромад гуфта шуд, ки таъмини риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда расонидани хайру сахо ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хонаи пиронсолони ноҳия барои сохтмони ҳуҷраҳои иловагӣ масолеҳи бинокорӣ кӯмак расонида  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg