
ҶАЙХУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Б.Ғафуров» хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроия Зайдуллоев Муҳамадчон иштирок карда, қайд кард, ки оби нушоки яке аз сарчашмаҳои асосии ҳастии ҳаёт ва саломатии инсон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин сарчашмаи бебаҳо хеле бой бошад ҳам, мутаасифона, ин неъмати бебаҳо на ба ҳама ба таври кофӣ дастрас аст. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилотҳои асосии мардуми саёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидааст.
Вобаста ба кисмати амалии Аксияи хизби тахти унвони «Якчоя ҳал мекунем!» аъзоён ва ҷонибдорони ХХДТ аз ташкилоти ибтидоии болозикр иқдом гирифтанд, ки сокинони маҳаллаи
Б.Ғафуровро бо оби ошомиданӣ таъмин созанд.