БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ НАҚШИ БУЗУРГ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Қарашувоқ»-и  Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  гузаронида шуд.

Дар рафти суҳбат аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  вобаста ба пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз амалҳои нопоки хоинони давлату миллат, ки онҳо пешрафту шукуфоии Ватанро дида наметавонанд,  андешаронӣ карда, аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати ҳифзи ҳар порча хоки  Меҳан, арзишҳои волои миллӣ ва расидан ба қадри заҳмату меҳнати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват ба амал оварданд.

Ҳамзамон, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон тасмим гирифтанд, ки то оғози соли нави хониш дар мактаби деща ду синфхонаи нави иловагӣ бо пешайвонаш сохта ба истифода медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg