Хуросон. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи «С. Айнӣ» бо иштироки аъзоёну тарафдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва оиди татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуданд.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ ҷамъомадагон аз рафти корҳои сохтмонии мактаби нави замонавии деҳаи Гулистон, ки дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва бахшида ба истиқболи 30-солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд, дидан карда шуд. Ҳангоми шиносоӣ сохтмончиён иброз доштанд, ки тибқи нақша ин муассисаи таълимӣ то ҷашни рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. с