
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ҳадафои эълон гардидани “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва бо мақсади роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамарӯза вохӯриву мулоқотҳои судмандро масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардида истодаанд.
Бо ин мақсад мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳияи Кӯшониён басо судманд доир гардид. Иштирокдорон ин вохӯрӣ аз суханрониҳои судманди масъулини ҳизб ба худ таассуроти хуб гирифта, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаашон самтҳои афзалиятноки ҲХДТ-ро тадбиқ менамоянд.
Инчунин, дар интиҳои чорабинӣ дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси ниёзманд Ибронова Саврӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.