БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ШАДИДАН АМАЛҲОИ НОПОКИ НАҲЗАТИЁНРО МАҲКУМ МЕСОЗАНД

КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар маҳаллаи Р. Абдушукуроваи шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавсуф  иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит фаъолияташро ҳамчун ташкилоти террористӣ барои анҷоми амалҳои нопокаш манъ кард. Аз рафотру амалҳои ТТЭ ҲНИ аён гардид, ки наҳзатиён ва роҳбарияти он кадом мақсадҳо доштанд ва кадом амалҳои тираву шумро анҷом додаанд ва мехоҳанд, ки боз анҷом диҳанд.

Дар навбати худ иштирокдорон низ баромад намуда, гуфтанд, ки имрӯз мо мардуми тоҷик ҳақиқатро эҳсос карда, шаддидан амалҳои ифтротии ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум месозем ва намегузорем, ки душманони давлату миллат амалҳои ғаразноки худро дар Ватани мо роҳандозӣ кунанд.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳаллаи мазкур ҷӯйборҳои бетонӣ насб гардида, дар оянда майдонча барои бозии кӯдакон низсохта ба истифода дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg