БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНУ ХИЁНАТКОРОНРО ДАР ЯГОН ДАВРУ ЗАМОН ҲЕҶ ЯК ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТЕ НАМЕБАХШАДУ НАХОҲАД БАХШИД!

АНДЕША. Нияту мақсади нопоки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва роҳбари бадбахташ Муҳиддин Кабирӣ рӯз то рӯз назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гардида истодааст. Имрӯз,  ки фаъолияти ин ҳизби террористӣ пас аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 дар кишвар боздошта шуд, роҳбарону ҳаводорони  фирории он бо ҳар роҳе мехоҳанд, ки дар сиёсати дохилию хориҷии мамлакати  мо таъсиргузор бошанд. Онҳо бо ниқоби   «ҳомии сулҳу миллатпарвар»ва «озодии виҷдону ҳуқуқи инсон» ба майдон омада, бо ниятҳои ғашу мардумфиребонаашон мақсади баргаштан ба арсаи сиёсати Тоҷикистонро доранд .

Аз ин ҷост,ки Кабирӣ ва ҳампаймонҳояш  дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Ютуб» ва «Фейсбук»  баромад намуда, пайваста сари мавзӯъҳое  даъво бармедоранд, ки   ҷомеаи Тоҷикистон бо шарофати бадандешӣ, ноҳақӣ ва фаъолияти зиддиинсонии худи онҳо мушкилӣ дорад. Ин гурӯҳи асолатбохтаву фурӯхташуда беасос  Ҳукумати Тоҷикистон ва бархе аз шаҳрвандони ватандӯсташро гунаҳкор эълон медоранд. Нисбати  масъалаҳое  даъво мебардоранд, ки бинандаву хонандаи закиву ҳушёрро ҳам хандаву ҳам ба ғазаб меорад.        

Зеро амалҳои террористии ин гурӯҳ, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнатест назди халқу Ватан  ва гуноҳест нобахшиданӣ. Аз ҳодисаҳои талхи сари миллат бо шарофати фаъолияти ғайриинсонии наҳзатӣ таҳмилшуда солҳо сипарӣ мешаванд, вале захми ин ҳама озор ва ранҷу дардҳои миллат, модарони фарзандгумкардаву фарзандони волидайнгумкарда ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намешаванд. Роҳбарони асолатбохтаи наҳзатӣ дар хориҷа паноҳ бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон онҳоро фаромӯш сохтааст. Вале хестаанд, ки хобанд. Хиёнату хиёнаткорӣ ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.

Хоинону  хиёнаткориҳоро  дар ягон давру замон ҳеҷ як давлат ва миллате намебахшаду нахоҳад бахшид.  Вале имрӯз аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз маҳдудияти ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос даъво намуда, худро муддаии сулҳу осоиштагӣ ва пешрафти кишвар медонанд, ки ин хеле дардноку аламовар аст.

Бар он боварем, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пайомадҳои хатарҳои ҷаҳони муосир ба пуррагӣ огоҳанду фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом  ва  дигар созмонҳои зиддиинсонию  ҳуқуқи башарӣ  нахоҳанд гашт.

 

Абдуҷаббор Неъматов, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg