
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи М. Ҳакимов хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба норавоии ба дини мубини Ислом нисбат додани зуҳуроти нангиновари терроризми байналмилалӣ ва роҳу усулҳои тақвияти мубориза бо ин зуҳурот фикру андеша ва таклифҳои муфиду ҷолиберо баён менамоянд, ки мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусалмонони сайёра қарор мегиранд.
Дар идома мавсуф иброз дошт, ки дар шароити кунунии ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, барои инсоният хатарнок ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мо бояд пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои миллӣ, устувории пояҳои давлатдориамонро фидокорона ҳифз намоем.