БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ҲХДТ ДАР БУНЁДУ НАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ САҲМГУЗОРАНД!

НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Туғмазор”-и деҳаи Туғмазори  Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак   қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид.

Аксияи мазкур аз ҷониби аъзои ташкилоти номбурда дастгирӣ ёфта, барои таъмир ва сохтани ошхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳа як миқдор масолеҳи  сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.

Сохтмони ошхонаи муссиса оғоз гардида, дар арафаи Рӯзи Дониш ба истифода дода мешавад, ки дар он  барои  360 нафар кӯдак  ҷойи нишаст ва дар ду баст хӯрок дода мешавад.

Инчунин, дар ин раванд бо сокинон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор карда шуда, масъулини ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.

Дар охир сокинони деҳа аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg