ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Филлиали №50-и «Амонатбонк» дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат Фароғат Назарова вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб ва ҳамчунин мақсади роҳандозӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сухан гуфта, изҳор дошт, ки соҳаи бонкдорӣ аз мавзўъҳоест, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои рушди ин соҳа супоришҳо дода мешаванд.
Дар охир дар партави Аксияи ҳизбӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хонаи баландошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар кўчаи Борбад 6-и шаҳрро таъмиру рангубор карда шуд.