БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФЗАЛИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ АЗ МАҚСАДУ МАРОМИ ҲХДТ МЕБОШАД!

ҲАМАДОНӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Меҳрвар”-и Ҷамоати деҳоти Чубек бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  гузаронида шуд.

Зимни баромад Гадоӣ Сайидалиев дар бораи сиёсати  хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суҳбат намуда, қайд кард, ки  таҳким бахшидани иқтидорӣ илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддию техникии  муассисаҳои таълимӣ,  баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зиннаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  як синфхонаи  муассисаи тасилоти миёнаи умумии №30  таъмир карда шуда,  аз  иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ  сокинон  изҳори сипос ва миннатдорӣ баён  намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg