
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №5»-и ҷамоати деӽоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиев хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимни суӽбат Шаӽноза Раҷабова оид ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъмандию нашъаҷаллобӣ, амалҳои коррупсионӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии хавфнок ба монанди ВНМО ВИЧ СПИД суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ сокинон маълумоти зарурӣ пайдо намуда, андешарониҳои судмандро бо қаноатмандӣ пазируфта, чанде аз он ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат баён доштанд.
Дар охир масулин аз ӽуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ дидан карда, ба шахсони мутасаддӣ тавсияҳои муфид доданд .