Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Маданият вохўри баргузор намуданд.
Дар он Сулаймонова Лола иштирок намуда, вобаста ба хадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҳизб ва қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ карда, ба аъзоҳои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ такдим намуд.
Дар фарҷоми вохўрӣ, вобаста қисмати амалии Аксияи тарғиботи-амалии ҳизбӣ таҳти унвони « Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоӣ ба як оилаи ниёзманд маводҳои хурока ва ба мактабе, ки худ хатм кардааст, маводҳои сохтмонӣ барои таъмири муассиса кумак расонида шуд.