
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Лаби дарё»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Масъулин зимнан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла масъалаи ташвишовари ҷомеаи имрӯза муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ андешаронӣ карда, сокинон барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб таъкид гардиданд.
Дар охир Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ карда шуда, ошхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳа пурра таъмир гардида, ба таъмири бинои муассисаи мазкур оғоз бахшида шуд.