
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ” хониши сиёсӣ гузарониданд.
Баъдан масъулин доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суҳбат намуда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуданд.
Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманду маъюб дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба чор нафар шахсони ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.
Кормандони марказ пайваста аз шароиту зиндагӣ ва саломатии чунин ашхос бохабар шуда, барои таъмини маводи хӯрока, кишту кори замини наздиҳавлигӣ ва таъмиру таҷдиди хонаҳои истиқоматиашон ёрии амалӣ мерасонанд.