БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶАМЪИЯТӢ МЕБОШАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот корманди масъули ҲХДТ Мунаввараи Бозоралӣ қайд кард, ки воқеан ҳам мо, тоҷикон ба оила ва оини оиладорӣ аз азал ба таври хоса арҷ мегузорем. Аслан зӯроварӣ дар оила худ зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад, чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд. Ногуфта намонад, ки агар пештар танҳо занон аз зулму ситами ҳамсари худ ба мақомотҳои қудратӣ муроҷиат мекарданд, ҳоло мардон низ истисно нестанд. Таҳлилгарони соҳа бар он назаранд, ки дар аксар маврид занҳо нисбат ба шавҳарони худ на аз зӯри бозу ва зарбу лат, балки аз фишорҳои равонӣ кор мегиранд, ки барои рӯҳияи мард таъсири манфӣ бештар мерасонад.

Дар охир таъкид гардид, ки дар  миёни аҳолӣ мунтазам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, муайян намудани оилаҳои ноустувор, ҷалби ходимони дин дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар оила, ба омӯзиши касбӣ ва ҷои кори доимӣ таъмин намудани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ҳамаи инҳо омилҳое мебошанд, ки баҳри пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои зӯроварӣ дар оила мусоидат мекунанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg