
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ориёно»-и Ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулини ҳизбӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, зикр кард, ки танҳо дар соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири як синфхона кӯмак карда шуд.