
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи А.Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимов хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат қайд карда шуд, ки коррупсия яке аз омилҳои хатарафзои ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти давлат таҳдид менамояд, ҷойи таъкиди хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд намуда буданд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бар зидди коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд».